ҲАР ЯК ХАТОИ КӮЧАКИ МО БА МАНФИАТИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ АСТ

Ховалинг: Вокуниш  

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ба амал омада истодааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад, ки Тоҷикистони азизи мо низ аз зумраи онҳост. Зеро имрӯзҳо хатари идеологияи гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ба сохти кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита таъсири худро расонида истодаанд. Гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Ҳамагон хуб медонем ва дарк ҳам намудаем, ки имрӯз дар як қатор давлатҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар ин васила терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Раванди ифротишавии аҳолии Тоҷикистон гарчанде рӯ ба таназзул ниҳода бошад ҳам, ин омил яъне ифротишавӣ то ҳол аз байн нарафтааст ва ҳеҷ гоҳ намеравад ва асоси таъсиррасон ва хатарзо ба сулҳу суббот ва амнияти кишвар боқӣ мемонад.

Гарчанде, солҳои охир ба шарофати пойдории амният, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарафманду заҳматпешаи Тоҷикистон бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон раванди корҳои ободониву созандагӣ торафт вусъат пайдо карда истодааст, аммо бояд беш аз пеш зираку ҳушёр бошем. Чунки ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистони азизи мо аз ин хатарҳои сатҳи ҷаҳонӣ бартараф аст.

Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ маҳз давлате таваҷҷӯҳ намуда, нооромии сиёсиро ба вуҷуд меоранд, ки дар онҳо раванди ободонию созандагиаш вусъат ёфта истодааст. Аз дур истода нисбати ободию озодӣ ва пешравии Ватан ҳама аз бухлу кина, рашку ҳасад ва нафрат доштани хиёнаткорон аст, ки ҳамчун “саги девона” нисбати ҳамватанони худ “аккос” мезананд.

Имрӯз моро зарур аст, бештар корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва оммафаҳмониро ба роҳ монем. Зеро баъзан падару модарон аз гумроҳиву хурофотпарастӣ фарзандони худро пинҳонӣ ба дасти баъзан муллоҳо месупоранд, то таълимоти диннӣ бигиранд.

Гурӯҳҳои ифротгар бошанд аз ҳар як хатои кучаки мо истифода намуда, мақсаду ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд, ки ин ба манфиати мо нест. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ба хатогиҳо роҳ надода, ҳушёру зирак бошем, то тавонем сулҳу ваҳдати бо ҳазор ҷонбозиҳо ва бар ивази хуни чандин нафар ғурамаргон ба даст овардаамонро аз нияту мақсади ин пастсифатон ҳифз намоем.

Шарифҷон Набиев, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.