Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Зелолак мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш дар қатори омӯзгорони муассисаи мазкур намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, муовини раис, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҷаъмахон Файзов ширкат намуд. Дар суҳбат бештар омӯзгорон аз дастовардҳои имрӯзӣ кишвар суханронӣ намуда, бобати ободию озодӣ, оромию осоиштагӣ ва бунёдкорию созандагӣ дар ҳама минтақаҳои кишвари азизамон ҳарф гуфтанд. Омӯзгори соҳибтаҷриба Сафаралӣ Ҳалимов низ зимни суханрониаш таъкид бар амал дошт, ки моро мебояд аз ҳарвақта дида, фаъолиятамонро пурзур намуда, кадрҳои ҷавонро дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия намоем.
Ҳамчунин, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Ҷаъмахон Файзов суханронӣ намуда, перомуни хизматҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирӣ ва кумак ба насли ҷавон, хусусан ба соҳаи маориф, иқдому пешниҳодҳои муҳиму саривақтии ин абармарди дунёи сиёсат гуфта гузашт. Ҳамчунин иброз дошт, ки дар қатори диагр масъалаҳо имрӯз мо бояд сиёсати Пешгирифтаи давлату ҳукуматро сарманшаи кори худ намуда, дар маъракаи обунашаваӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ саҳми муносиб гузорем.
Дар ҳамоиш перомуни мавзуъҳои сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, захиракунии маводҳои озуқа барои ду сол, смаранок истифода намудани нерӯи барқ ва мавзуъҳои доғи рӯз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ сухан рафт.