Бонувони соҳибҳунар оиларо бо маводи озуқа таъмин менамоянд

Ховалинг:  

Дар ноҳияи Ховалинг сокинон бештар ба истифодаи замин аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳар як қитъаи замини дар ихтиёрашон бударо самаранок ва манфиатовар истифода менамоянд. Натиҷа ҳамин аст, ки дар фасли тирамоҳ ҳангоми ҳосилғӯндорӣ бозори марказии ноҳия аз маҳсулотҳои киштнамудаи сокинон ғанӣ гардонида мешавад.

Сокинон бештар аз ҳосили бадастоварда навъҳои гуногуни хуришҳо омода тнамуда, барои фасли зимистон захира менамоянд. Дар зарфҳои шишагин (банкаҳо) бонувони соҳибҳунари ноҳия, помидор, бодиринг, сирпиёз, қаланфур ва ғайраҳоро ба таври намакин (солёный) маҳкам карда, барои фасли зимистон захира менамоянд.

Бисёртар ба чашм мерасад, ки аксарияти бонувон дар қатори таъмини оилаи худ боз қисмати бештари маҳсулотро ба фурӯш бароварда, ба ин васила сатҳи зиндагиашонро боло мебардоранд.