Аз меҳри Ватан баски сухан мегӯям...

Ховалинг:  

Беҳтарин арзиш ва неъмати Худованд барои инсон Ватан доштан аст. Пораи хушки нон, ки дар Ватан истеъмол менамоӣ аз баррабирёни ғурбат ҳам ширинтару болаззат аст. Ватан қуввати ҷисму ҷон барои ҳар як инсони ватандӯст аст. Сухандонӣ ва ҳарфгӯӣ, шеърхонӣ ва эҷодкорӣ, созандагӣ ва бундёдкорӣ аз соҳибватан будан шаҳодат медиҳад. Мебояд, ки бо нуги забон нею бо қалби пур аз меҳру муҳаббат ватанро васф намуда, фарзанди асилаш бошем. 

Пайваста шукрона бояд кард, ки соҳиби Ватани зебову ободу озод ҳастем. Истиқлолият насибамон гаштаасту ваҳдати миллӣ дар ватанамон пойбарҷост. Сулҳу субот дорему дар ҳавои софу беғубори кишвар орому осуда ва амну осоишта кору фаъолият намуда истодаем.  Ҳама суханони шарарборро аз сидқ баҳри Ватан бахшида, хасу хорашро ба гулҳои зебои чаман ташбеҳ медиҳем, ки ин рисолати бузурги ватандорӣ аст.  Шукронаи нони Ватан, номи Ватан, шукронаи ҳадяи Яздон, шукронаи Пешвои меҳанпараст, хонаҳои обод ва тифлони хандони Ватанро пайваста бояд дар нӯги забонамон ҷой диҳем. Ҷомеа дар ҳоле пеш меравад, ки ҳар як фард аз рисолату масъулияти ватандориву хештаншиносиаш хуб огоҳӣ дошта бошад. Маҳз ҳамин садоқату ватандорист, ки ҳар як миллату давлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳибмақом мегардад. Хусусан давлати соҳибистиқлоли мо низ аз ин соҳибмақомӣ канор нест.

Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) марбут ба мавзўи ватандорӣ хело зиёду бомаврид дастуру маслиҳатҳо додааст, ки муҳтавои суханони ҳикматборашон бозгӯи он аст, ки “Хизмат ба Ватан, дӯст доштани Ватан, ободу зебо нигоҳ доштану ҳимояи он аз гўшаи имондорӣ аст”.  Қимматтарин сухан Ватан аст ва руҳ дар пайкари мо низ Ватан аст. Оғўши Ватан барои ҳар як фарди кишвар Ҷаннат ва ҳар як кафи хокаш баҳри инсонҳо ганҷинаи бебаҳост. Зеро Ватан мероси ниёгони мост.

Бузургон дар васфи Ватан гуфтаанд:

Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад кофар аст,

Маънии ҳуббулватан фармудаи Пайғамбар аст.

Мо, шаҳрвандон бояд самимияту садоқати ватандории худро бо истифода аз чунин ишораҳои гаронбаҳои адибон исбот намоем, ки бо чунин мазмун омадааст:

Аз меҳри Ватан баски сухан мегӯям,

Як ғунчаи хеш сад саман мегӯям.

Мансур ба зери дор аналҳақ мегўфт,

Ман дар таги шамшер Ватан мегўям.

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии ин Ватан ҳар лаҳза ҷони худро дар хатар гузошту ин кишвари аҷдодиро, ки пора-пора гардида буд, ҷамъ овард. Бо шарофати Сарвари хирадманд ва роҳнамоиҳои ў имрӯз Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ҳамчун сарзамини амну осоишта ва сарсабзу шукуфо шинохта шуда, мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони олам гардидааст.

Ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ аз доштани хуни тоҷикӣ дар шоҳраги мо ва инчунин донистани таърихи гузаштагонамон маншаъ мегирад. Омӯзиши таърихи пурифтихор, ҷонбозиҳои ниёгонамон дар ҳифзи сарзамини аҷдодӣ барои наслҳои имрӯзу оянда муҳиму ҳатмист. Зеро дар баробари вазъи мураккабу пуртазоди ҷаҳони муосир раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳодисаҳои охири дар марз рўйдода ҳушдори ҷиддие барои шаҳрванди худогоҳу соҳибватан аст.

Ватан вожаи ниҳоят арзишманд буда, ватандорӣ  як масъулияти муқаддас аст, зеро Ватан ҳастии мост. Пас биёед, баҳри ободии Ватани азизамон даст ба дасти ҳам гирифта, китф ба китф монему нагузорем, ки нохалафон қадами шуму номуборакашонро ба хоки муқаддаси мо гузоранд.

Фарҳод Давлатов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг