Суҳбати ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо хонандагони МТМУ №2

Ховалинг: Созандагони ватан  

Намояндаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» Шарифҷон Набиев дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 бо хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯрӣ гузаронид. Дар рафти суҳбат оид ба таъсисёби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақсаду ҳадафҳои он, ки таъмини иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум аст, ҳарф заданд. Ҳамчунин аз хизматҳои Раиси муаззами Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини сулҳу суббот, оромию осоиштагии кишвар, таъмини шароитҳои мусоид барои илму дониш омӯхтани насли наврас, рушди ободонию созандагӣ ва ғайраҳо сухан гуфтанд.

Дар рафти суҳбат Шарифҷон Набиев ба хонандагон бобати ватндӯстию меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонҳарф зад. Аз ҷумла қайд намуд, ки Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон буда, шарафи бузург ва нангу номуси ватандории ӯст ва ҳар як ҷавони бонангу ори кишвар вазифадор аст, ки ин  қарзи ватандориро сарбаландона иҷро намуда, дар ҳифзи марзу буми кишвар саҳми муносиб гузорад.

Хонандагон низ дар рафти суҳбат фикру ақидаҳои худро перомуни мавзуъҳои муҳокимагардида  баён намуданд ва аз ободиву озодии кишвар ва шароитҳои мусоиди таҳсил шукргузорӣ карданд.