ДАСТГИРИИ 130 – НАФАР КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии №29, аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қаҳҳоров Фатҳулло ҳамасола   дар арафаи иду маросимҳо динӣ ва миллӣ ва дигар  ҷашнҳои бошукуҳи сол, ва махсусан идҳои динии Рамазону Қурбон  мазмуну муҳтавояшон дастгирии оилаҳои камбизоат, нодор, ятимону бепарасторон, пирони барҷомонда мебошад   дасти саховат ба  ин қабил одамон дароз намуда, бо расонидани ёрии пулию молӣ ба маблағи муайян табъи онҳоро дар чунин ҷашну маросим, ки хурду калон либоси идона  ба  бар менамояд,  болида мегардонад. Соли ҷории 2023 ҳам вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Қаҳҳоров Фатҳулло дар арафаи иди саиди Қурбон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар арафаи таҷлили иди саиди Қурбон  ба 130 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакони ятиму бепароастор ба маблағи 500 сомонӣ кӯмаки яквақтаи пулӣ расонид. Кӯмакгирифтагон  барои чунин ғамхорӣ, ки дар асоси сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг Қаҳҳоров Фатҳулло   амалӣ гардонида шуд изҳори миннадорӣ намуданд.