Мо дастаҷамъона терроризму экстремизмро аз байн бурда метавонем

Ховалинг: Вокуниш  

          Имрӯз дар бораи терроризму экстремизм ва дар тамоми дунё доман паҳн намудани он  бисёр мегӯянду менависанд. Вале касе дар бораи пурра аз байн бурдану решакан намудани он ҳарфе намегӯяд. Гӯё терроризму экстремизм падидаи номатлубест, ки аз байн бурдани он ҳеҷ мумкин нест.

         Агар дурустар фикр намоем, ягон кӯдак, фарзанди аз модар ба дунё омада террористу экстремист ба дунё намеояд ва ягон падару модар ҳам намехоҳад, ки фарзандаш ба роҳи хато рафта,  даст ба таркиши муассисаҳои таълимӣ, динӣ, даст ба куштори одамони бегуноҳ занад.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на як бору дубор дар баромадҳояш, аз ҷумла дар конфронсҳои байналмилалӣ таъкид бар он намуд ва менамояд, ки терроризму экстремизм муборизаи дастаҷамъонаро талаб мекунад.   Бадии кор дар он аст, ки баъзе аз давлатҳо  ба нооромиҳое, ки дар ин ё он кишвар ба воситаи террористону экстремистон ба амал оварда  мешавад, манфиатдоранд.

 Ана ҳамин муносибати духра нисбати терроризму экстремизм боиси вусъат ёфтану домон паҳн намудани он дар тамоми ҷаҳон мегардад. Зеро терроризму экстремизм сарҳад надорад ва барои террорист касеву чизе фарқе намекунад. Зеро ӯ террорист аст. Вазифааш аз ба амал овардани таркишҳои хунбор, қатлу куштор ва ноором кардани ҷомеаи солим мебошад.

         Чи тавре дар халқ мегӯяд: дар зери коса нимкоса аст. Манфиати давлатҳои абарқудрат аз дастгирии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ манфиати иқтисодист, ки мехоҳанд дар оянда ба ноил гарданд.

   Рақобате, ки имрӯз байни давлатҳои абарқудрат бо авҷ ривоҷ ёфта истодааст, боиси боз ҳам доман паҳн намудани терроризму экстремизм мегардад.

         Агар падару модарон ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, агар давлатҳои манфиатдор манфиати худро сарфи назар намуда,  террористону эксмтремистонро дастгирӣ накунанд,  гурӯҳҳои террористию экстремистиро аз байн решакан  кардан мумкин аст.

   Асадуллозода В.Д., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг