Рӯзи забони давлатӣ дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг бошукуҳ таҷлил гардид

Ховалинг:  

Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ – забони тоҷикӣ дар Муассисаи ғайридавлатии  таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён конфронси илмӣ - адабӣ доир карда шуд.

Дар конфронс қайд гардид, ки ба рӯзи мавлуди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомпалӣ Раҳмон рост омадани Рӯзи забони тоҷикӣ бе асос нест. Зеро рушду такомули забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиҷлолияти давлатӣ ба фаъолияти Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад. Маҳз таваҷҷуҳи доимии Президенти кишвар нисбат ба забони давлатӣ буд, ки он боз ҳам рушду такомул ёфт.

Дар конференсия хонандагон дар мавзуъҳои “Забони миллат ҳастии миллат ва пояи асосии давлат”, “Сайри таърихии забони тоҷикӣ” ва “Мақоми забони тоҷикӣ дар байни забонҳои ҳиндуаврупоӣ” маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

         Ҳамчунин дар конференсия дар васфи забони тоҷикӣ аз тарафи донишҷӯён аз эҷоди адибон тоҷик шерҳо қироат гардид

         Конференсия пуртаъсир ва хеле фоидаовар ба охир расид.