ЗАБОНИ МО

А.Ҷомӣ: Андеша  

Забони давлатии мо ҳамчун пояи асосии бинои маънавии миллати мо буда фарҳангу маданияти миллатро ҳамчун оина дар худ инъикос менамояд. Забони миллати мо чун рамзи давлатдорӣ  бояд дар замири ҳар яки мо ҷавонони Тоҷикистони азиз асоси ҳувияту худшиносӣ, ватандустиву ватанпарастӣ, бошад.

     

Адаш Истад нависанда, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мефармоянд: «Миллате, ки забони ноби модарии хешро аз даст медиҳад, оҳиста-оҳиста номаш аз арсаи таърих нопадид мегардад» Аз ин ру, дар ру ба руи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ки забони давлатӣ метавонад, зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ монда мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона карор гирад ва меъёрҳои адабии он поймол шавад ин равандҳо метавонанд ба косташавии забон ва ҳамин тавр аз байн рафтани забони ноби як давлат гарданд. Дар ин раванд ҳар яки мо ҷавонони Тоҷикистони азизро мебояд, ки дар масъалаи эҳтиром ба забони модари зиёд диққат дода, забони модарии худро гиромӣ дорем. Бештар сайъу кушиш намоем, ки бо забони ноби тоҷикӣ, бо забони адабӣ, забони Мавлоно, забони Рудакӣ, забони Фирдавсии бузургвор ҳарф занем. Дар баробари эҳтироми шахси нисбат ба забони модари, дигар ҷавонони Ватанро низ даъват ба ҳарф задан бо забони адабӣ намоем. Бар пояи ин асос мо ҷавонон метавонем, забони модарии хешро ҳамеша пойдор ва гиромӣ нигоҳ дорем.

 

-Чанд далел дар бораи забони тоҷикӣ Забони тоҷикиро дар Эрон форсӣ, дар Афғонистон дарӣ ва дар Тоҷикистон тоҷикӣ ном мебаранд. Забони тоҷикӣ дар кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон мақоми давлатӣ дорад. Бо забони тоҷикӣ мардуми 29 давлати дунё муошират мекунад. Забони тоҷикӣ пас аз забони юнонӣ дувумин забони қадимӣ мебошад. Забонҳои лотинӣ ва санскритӣ дар ҷойҳои сеюм ва чорум қарор доранд. Дар соли 2018 забони тоҷикӣ дар шабакаҳои интернетӣ бо маъруфияташ ҷойи 9 - умро ишғол намуд. Он дар 2 фисади шабакаҳои ҷаҳонӣ истифода шудааст. Масалан, соли 2010 ҳамагӣ 0,6 фоиз буд. Забони тоҷикӣ бо гуногунрангии калимаҳо аз дигар забонҳои дунё фарқи бештар дорад. Ин гуфтаҳоро Алӣ Акбар Деҳхудо, яке аз луғатшиносони форсзабони маъруфи асри гузашта, ки умри худро сарфи ҷамъоварии луғати тоҷикӣ намудааст, собит сохтааст.

-Забони тоҷикӣ дорои беш аз 225 миллион калима мебошад. Забони гуфтугӯии эрониҳо ва ҳиндуаврупоиҳо дар асрҳои гузашта забони тоҷикӣ буд, ки аз хонаводаи онҳо шоирону нависандагони бузурги адабиёти ҷаҳонӣ ба воя расидаанд. Аз даҳ шоири маъруфи ҷаҳонӣ панҷ нафарашон тоҷикзабон буданд. Лаҳҷаи паҳншудаи забони тоҷикӣ лаҳҷаи теҳронӣ мебошад, ки бо он тақрибан 50 миллион кас муошират мекунад. Дар тӯли асрҳо, аз асрҳои 9-10 сар карда, забони тоҷикӣ забони муоширати байналмилалӣ ва забони фарҳангу илм маҳсуб меёфт. Забони тоҷикӣ барои ҳазориҳо, лӯлиҳо, яҳудиҳои бухороӣ ва як қатор сокинони Осиёи Миёнаю Афғонистон ва амсоли инҳо забони модарӣ маҳсуб меёбад. Номи «забони тоҷикӣ» дар солҳои 1920 чун забони алоҳида шинохта шуд. Пештар ин забон «форсӣ» ва «дарӣ» ном бурда мешуд. Дар Афғонистон ва Эрон хатти забони тоҷикӣ алифбои форсӣ буда, асоси он аз хатти арабӣ гирифта шудааст. Дар Тоҷикистон аз солҳои 1939 ҳуруфи кириллӣ ҷорӣ шудааст, ки то имрӯз бо ҳамин ҳарф навишта мешавад. Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хисрав, Низоми Ганҷавӣ, Саъдӣ, Аттор, Рӯмӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ба амсоли зиёди шоирону мутаффакирони тоҷик дар адабиёти ҷаҳонӣ оламшумуланд. Шумораи умумии соҳибзабонони тоҷик дар рӯи олам беш аз 100 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон 85 фисад забони тоҷикиро чун забони модарӣ эътироф мекунанд. Дар Эрон 65 фоиз, дар Афғонистон 60 фоиз ва дар Ӯзбекистон 38 фоизи аҳолӣ бо забони тоҷикӣ муошират мекунанд.

Раҷабалӣ НАЗАРАЛӢ – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ