ДАЪВАТИ ОРУ НОМУС

А.Ҷомӣ: Вокуниш  

Оғоз гардидани мавсими  тирамоҳии  даъват  ба  сафи Қувваҳои   мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  ҷониби  баъзе  аз  расонаҳо  ҳамчун мавсими (аблава) ном  гузоштан ва  нашри  маводҳо боиси  таасуф  мебошад.

Хизмати  хирсонаи баъзе  аз  расонаҳо,  ки  бо  мақсади  ҷалби  хонанда мехоҳанд  маводашон диққат ҷалб  созад, ва  сарлавҳаи ахбори худро аз  танқид оғоз  мекунанд, боре  андеша мекунанд,  ки як  сухан чанд  паҳлу  дошта,  ба  ҷуз мо  онро  боз  душманони  давлати  мо  низ мехонанд. Барои  чи аз  муввафақият ва қаҳрамонии сарбозон хомушем? Барои  чи аз фарҳанги  волои  ватандории ҷавонони минтақаҳое,  ки  дар  рӯзи  аввали  даъват нақшаро  иҷро  менамоянд, хомушем? Лекин  барои  душманони  давлату  миллат устухон  мепартоем..

Ин даъват барои ҳар як ватандору ватандуст, даъвати ору номус аст! Боиси  ифтихори мост, ки ин даъват ҷавонони ба ору номус аз Бадахшону Суғду Хатлон  сарбаландона бо ҳисси ифтихор, ихтиёран ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон рафта, ҳимояи марзу буми ватанро қарзи фарзандии худ медонанд.

Дар гузашта аз нарафтани фарзандони мансабдорон баҳона пеш меоварданд, аммо  имрӯз ҳамма шоҳидем, ки ихтиёран дар сафи пеш фарзандони кормандони  давлатӣ қарор доранд.

Солҳои пеш омили асосии саркашӣ намудани ҷавонон аз даъват, ин дар тарбияи  фарзанд саҳм нагузоштани падарон мебошад. Албатта модар дар таълиму  тарбияи фарзанд саҳми беандоза дорад, аммо танҳо падар метавонад дар замири  фарзанди худ аз кучакӣ ҳисси ҳимоятгар ва дустдории ватанро ҷо кунад. Мактаби  мардонагиро ба фарзанд фаҳмонад.

Таърих гувоҳ аст, ки мардони баору номуси тоҷик ҳаргиз аз ҳимояи марзу буми  худ наҳаросидаанд, ҳатто дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар хоки Афғонистон аз  худ ҷасорату қаҳрамонӣ нишон додаанд. Воқеаҳои охир нишон дод, ки барои  ҳимояи марз аз қирғиз мардони шуҷоу далер навобаста аз сину сол аз ҳама  минтақои  кишвар ихтиёран ба Ворух рафтанд.

Имрӯз ҷавонони моро лозим аст, ки мисли падарон ва гузаштагони худ доимо дар  ҳимояи хоки Ватан омода бошанд. Тарсидану пинҳон шудан, хислати мардон набуда, ҳимояи Ватан барои ҳар марди мусалмон фарз мебошад. Омухтани тактикаи ҷангӣ, истифодаи яроқу аслиҳа барои ҳар як мард зарур буда, ҳатто дар китоби муқаддаси Қуръон ҷиҳод барои нафароне, ки ватани худро модару хоҳари  худро ҳимоя менамояд, фарз мебошад.

Ҳар нафаре ақли солим ва ору номуси инсонӣ дорад бояд хизмати модар - ватанро адо намояд. Ин даъват, даъватест, ки бояд ба ёди шаҳидони Ватан, ба хотири ҷавононе, ки аз тири душман бехабар кушта шуданд, ба хотири падароне, ки дар масҷид пай дуой оромиву тинҷӣ буданд, ва аз тири душман ҳалок гаштанд, бояд ихтиёран ҳама ҷавонон даъватро ба ҷо оранд. Имруз таҳдиди душман аз чанд ҷониби марз, моро водор месозад, ки аз пештара дида ҳушёру зирак бошем.  Фарзандонро мардсифат ва боғайрат тарбия намоем. Имрӯз даъват, даъвати нанг аст! Имрӯз даъват, даъвати ҳимояи марз аз душман аст! Ҳимояи модару хоҳар аст!