ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

А.Ҷомӣ: Андеша  

“Фаромуш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест.

Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”. Эмомалӣ Раҳмон.

 

Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, тавлидкунандаи тамоми ҷиноятҳо мебошад. Ин амал боиси поймол гардидани ҳуқуқҳои инсон гардида, натанҳо дар гирифтани ришва балки дар додани ришва низ зоҳир мегардад.

Решаи коррупсия таърихи тулонӣ дошта, дар ҳама давра ба ҳама соҳаҳои давлатдорӣ ва хусусан амнияти кишвар хатари калон дорад. Зиёд гардидани амалҳои коррупсионӣ дар байни кормандони давлатӣ ва ташкилоту идораҳои давлатӣ боварӣ ва эътиқоди мардумро коста гардонида, метавонад ба оромӣ ва амнияти кишвар зарари ҷиддӣ расонад. Коррупсия яке аз амалҳои нангин ҷомеа ба шумор рафта, барои мубориза бар зидди ин амалӣ хатарнок моро зарӯр аст, ки муборизаи дастаҷаъмона барем. Зеро ба ин амал даст задани корманди давлатӣ метавонад дар байни мардум боварӣ ва эътимодро ба давлату ҳукумат коста гардонад. Мардум дар симои як коррупсионер давлату ҳукуматро баҳогузорӣ менамояд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар баромадҳояшон ин амалӣ нангини нафаронеро, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолият менамоянд ва бо истифода аз мақому мансаб даст ба ин кирдор мезананд, сахт маҳкум намуда, ҷиҳати муборизаи беамон бурдан бар зидди чунин афродон ҷомеаи шаҳрвандиро низ даъват менамояд.

Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз аз ҷониби кормандони мақомотҳои дахлдор дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва боздошт намудани чунин шахсон корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад. Аммо бо вуҷуди ин барои расидан ба натиҷаи дилхоҳ моро зарур аст, ки аҳолии кишварро барои мубориза ҷалб намоем. Ҳамагон медонем, ки натанҳо дилхоҳ корманди давлатӣ барои ситонидани пора ё ин ки ришва гунаҳгор аст, балки нафаре, ки онро пешниҳод менамояд, заминаи асосӣ барои содир гардидани ҷиноят фароҳам месозад.

Аллбата халқи тоҷик ҳамчун мардуми шукрпазир ва инсондуст мехоҳад бо изҳори сипосгузорӣ аз дилхоҳ шахс ё корманде, ки дастгирияш намудааст ё ин, ки корашро сари вақт анҷом додааст, подоши хизматаш маблағ ё ин ки туҳфае дигаре тақдим намояд, ки дар натиҷа имконият фароҳам меорад, ки корманди давлатӣ ё нафаре корро анҷом дода, ба ин ҳавасмандӣ одат пайдо намуда, даст ба ин амал задан гирад. Бояд фаромуш насозем, ки ришвадиҳӣ, талаби маблағ ва суйистифода аз мансаби давлатӣ дар Кодекси ҷиноятӣ бо моддаҳои махсус ҷазо муаян карда шуда, дар баробари экстримизму терроризм зуҳуроти хавфноки ҷомеа ба шумор меравад.

Вазифаи авалиндараҷаи мо ҳизбиён ин аст, ки дар байни мардум корҳои таблиғотиро пурзӯр намуда, барои решакан намудани ин амалӣ хатарзо тамоми сокинони кишварро ҷалб намоем.

Мардумро ба меҳнати ҳалол ва шукрпазирӣ даъват намуда, барои зиндагии шостаи сокинони кишвар камари ҳиммат бандем.

Қосимова Назокат - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.