БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии “Н. Махсум” бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ, ду синфхонаи иловагӣ барои хонандагони бунёд гардида истодааст. Синфхонаҳои иловагӣ бо тарҳи муосир сохта ва барои таҳсили хонандагон шароити хуби хониш фароҳам оварда мешавад.

Кормандони ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” барои ҳарчи зудтар ба истифода додани синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил намуда, дар сохтмону рангубори бинои таълимӣ саҳми худро гузошта истодаанд.