ХАВФИ ТЕРРОЗИМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

А.Ҷомӣ: Андеша  

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезананд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишварашон ҳифз гардад. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба осудагии ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Барои нест кардани он бояд корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба роҳҳои мубориза бо терроризм, экстремизм ва оқибатҳои нангини он мунтазам ба роҳ монда шаванд, сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон оид ба ғояҳои пешбарандаи ҷомеа мудом мавриди амал қарор бигиранд, ҳамчунин ба омил ва шароитҳои ба ин падидаҳои номатлуб мусоидаткунанда, аз ҷумла экстремизм ва терроризм муборизаи беамон бурда шавад.

Шокимзода ИДОЯТ- мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар н. А. Ҷомӣ