МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД!

А.Ҷомӣ:  
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “А, СОБИР” бо иштироки бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, муовини роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Муминов Саидҷон ва раиси ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳия Маҳмадрасул Юнусзода маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи Сафаров Нурмаҳмад-раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда зимни ироаи ҳисобот қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “А.Собир” дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ корҳои назаррасеро анҷом додааст.
Саҳми ташкилот ҷиҳати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсии шаҳрак назаррас арзёбӣ мегардад.
Гуфта шуд, ки ташкилоти мазкур 16-нафар аъзо дошта, аризаҳои иловагӣ барои қабул ба узвияти ҲХДТ дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.
Тибқи рӯзномаи дуюми маҷлис, аз ҷониби аъзои ҳизб ибтидоӣ аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
Дар фарҷоми маҷлис Муҳаммаддовуд Ҳалимзода-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба тарғиби дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо ҳамсафон ибрози андеша кард.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки ташаккули маърифату фарҳангӣ-сиёсии мардум бояд дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии мо қарор дошта бошад.
Ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташакулли фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои ҳизб ба фаъолияти доимии ташкилотҳои ҳизбӣ бояд табдил дода шавад. Фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад.