ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ, БА ИСТИҚБОЛИ 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ КИШВАР АМАЛӢ МЕШАВАНД!

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Қариб,ки дар ҳама маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” баргузор гардида истодааст.
Бо дарназардошти ин аз ҷониби аъзову фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳалаи “ПРАВДА” мумфаршкунии ба масофаи зиёда 1 км роҳ бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РОҲСОЗ” дар сатҳи хуб ташкил ва гузаронида шуд.
Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аъзоҳои фаъоли ҲХДТ дар ободони боғи фарҳангию фароғатии марказии ноҳия ва сангфаршу мумфарш шудани роҳои маҳал фаъолона ширкат варзида баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.