НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "Н, МАХСУМ"

А.Ҷомӣ:  
Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Н. МАХСУМ“"-и ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Меҳроҷиддин Мерганов ва Абдусамиров Хайриддин-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ иштирок намуд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, ҳисоботи Низомов Сафар-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Н, МАХСУМ" шунида шуд.
Қайд гардид, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии "ФАЙЗОБОД", бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу субот зери роҳбарии Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома номзадии Низомов Сафар ба раисии ташкилоти ибтидоӣ пешниҳод гардида бо тарафдории ҳамаи аъзоёни ҳизб аз нав раиси ташкилоти ибтидоии “Н. МАХСУМ" интихоб гардид.
Дигар масъалаҳои рӯзнома низ баррасӣ гардида вобаста ба ин қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар охири маҷлиси мазкур Мерганов Меҳроҷиддин-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварии ғалладонагиҳо ва вусъати кишти такрорӣ барои ҳарчӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ, вобаста ба ин самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона дар амалишавии Оиннома ва Барномаҳои ҳизб суҳбат намуд.