БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАДАНИЯТ”

А.Ҷомӣ:  
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “МАДАНИЯТ” бо иштироки Меҳроҷиддин Мерганов-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
Сараввал ҳисоботи муовини раиси ташкилоти ибтидоии “МАДАНИЯТ” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.
Ҳамзамон, оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуда шуд.
Ҳамчунин, дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардиданд.Тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии “МАДАНИЯТ” Равшанов Холмирзо бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб интихоб карда шуд.
Дар охири маҷлиси мазкур Меҳроҷиддин Мерганов –муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баромад намуда, ҳозиринро ба 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ падидаи воқеан мураккаби иҷтимоиест, ки баёнгари сатҳи ташаккули миллӣ буда, дар ҷавҳари миллат тағйироти сифатӣ ва тавонмандии рақобатпазирӣ ба вуҷуд меоварад ва афроди миллатро муттаҳиду нерӯҳои зеҳниву ҷисмии онҳоро барои ҳифзи манофеи миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ мутамарказ карда, миллатро ҳамчун низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул медиҳад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии мазкур дар маҳал таъсис ёфта, ҷиҳати амалӣ гардони ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ дар ин сатҳ аз донишу малакаи аъзоёни ташкилоти мазкур вобастааст.