АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ "

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26.06.2022 бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва пос доштани хотири гузаштагон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамкорӣ бо бахши дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қариб дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби аъзою ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ ва сокинони савобҷӯ ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ, таҳти унвони «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор намуданд.

Дар аксияи баргузоргардида масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, моҳияти аксияи мазкурро ба мардум фаҳмониданд. Дар идома иштирокдорони аксия оромгоҳро аз хасу хошок ва ҳар гуна партовҳо тоза карда, симтӯрҳои онҷоро азнавсозӣ карданд ва бо ин васила рӯҳи гузаштагонро шод намуда, саҳми арзандаи худро дар тоза намудани гирду атрофи қабристонҳо гузоштанд.