МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЧОРБОҒ”

А.Ҷомӣ:  
Маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЧОРБОҒ” баргузор гардида, дар он се масъала мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи якум Тошев Маҳмурод-раиси ташкилдоти ибтидоии ҳизбии “ЧОРБОҒ” дар назди аъзои ҳизби ин ташкилот ҳисобот дода, қарорҳои дохлдоро қабул намуданд.
Доир ба масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис пешниҳодҳои котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЧОРБОҒ” “Дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “ЧОРБОҒ” ва “ дар бораи интихоби вакил ба конфренсияи ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ” шунида шуда, қарорҳо қабул карда шуданд.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар назди ҳозирин оди ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи ҳаққи истифода барқ, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии “ГУЛИСТОН-2” дар аксияву ҳашарҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуданд.