ОМӮЗИШИ ХОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА

А.Ҷомӣ:  
Рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хонандагон дар самти ҳифзи шаҳрвандӣ бо иштироки хонандагон, омӯзгорон чорабинии омодашавӣ дар ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуд. Машқҳо аз ҳисоби хонандагони синфҳои 9-10 ва 11 иҷро гардида, тарзи дурусти наҷот додан ва ба ҷойи бехавф бурдани шахси офатзада, расонидани ёрии аввалини тиббӣ, тарзи дурусти сӯхторхомӯшкунӣ ва омодагии талабагон оид ба мудофиаи гражданӣ нишон дода шуд