НАМОИШИ ХУРОКҲОИ МИЛЛӢ

А.Ҷомӣ:  
Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ намоиши “ Хурокҳои милли” бо иштироки занону бонувони ҳунарманди ташкилоту муассисаҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар Қисми низоми ноҳия баргузор гардид.
Дар ин чорабини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон, муовинони раиси ноҳия ,кормандони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ, тамоми аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини роҳбарони кумитаву идораҳо ва роҳбарони муассисаҳо иштирок доштанд.
Нахуст раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон суханрони намуданд.
Қайд намуданд, ки ҳадафи баргузор намудани чунин чорабиниҳо ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ ва баланд бардоштани завқи кадбонугӣ мебошад.