ОИЛАИ СОЛИМ ҶОМЕАИ СОЛИМ

А.Ҷомӣ:  
Санаи 7.05.2024 сол, дар қисми низоми 87740-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чорабини бахшида ба “ Оилаи солим ҷомеаи солим” баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон, муовинони раиси ноҳия ,кормандони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ, тамоми аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини роҳбарони кумитаву идораҳо ва роҳбарони муассисаҳо иштирок доштанд.
Нахуст раиси ноҳия Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон суханронӣ намуданд. Қайд намуданд, ки оила асоси ҷомеа буда, бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст. Дар охири аз ҷониби аҳли ҳунар ва фарҳанги ноҳия барномаи хуби консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.