КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ

А.Ҷомӣ:  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад.
Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфаршкуни камари ҳиммат бастанд.
Аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Роҳи Ленин» бо як рӯҳияи баланди созандагӣ дар доираи аксия зери унвони "Якҷоя месозем!" ба ҳашари дастаҷаъмона баромада роҳи дохилии деҳаи Роҳи Ленин-ро сангфарш карда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки чунин корҳои ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ифтихор»-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамасола аз тарафи ҳамаи аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб гузаронида мешавад.