МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

А.Ҷомӣ:  

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва баҳри дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба сатҳу сифати дониши хонандагон дар МТМУ №2-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси Кумитаи падару модарон баргузор гардид, ки дар он директори муассиса,  падару модарон, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар баромади худ баромадкунандагон қайд намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар як падару модарро вазифадор намудааст, ки баҳри ба таҳсил фаро гирифтани фарзанд ва зери назорати пайваста қарор гирифтани он ҳамкорӣ миёни оила ва мактаб боз ҳам ҷиддитар гардад. Бо дастгириву ҳамкории ҳамаҷониба мо метавонем, ки дар пешрафт ва тарбияи ахлоқиву маънавии хонандагон ҳиссагузор бошем.