ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2024 - СОЛИ “МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ” БО МАҚСАДИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

А.Ҷомӣ: Андеша  

Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва минбаъд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун омили муҳими барпо намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф гардидааст ва эълон намудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” низ идомаи ҳамин чорабиниҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар мебошад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ - асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти системаи ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсири фаъоле дорад. Аз ҷумла, ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ҷомеа дастгириҳо эҳдо намуда, тартиботро дар он нигоҳ медорад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.Бинобар ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” иқдоми саривақтӣ мебошад, зеро давлат ҳамон вақт пеш меъравад, ки мардумаш соҳибмаърифат бошад аз ҷумла маърифати ҳуқуқӣ дошта бошад ва дар ҳамон вақт сатҳи содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа коҳиш меёбад.Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ ва инкишоф дода, дар табодулу инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмӯи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд. . Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ, ташаккулёбии арзишҳои демократӣ, ташкил намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ва тарғиб намудани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд талаб менамоянд, ки дар бобати беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои мушаххас андешида шуда, барномаи ягонаи умумидавлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад.
Хулоса, маърифати ҳуқуқӣ аз намудҳои дигари маърифат ба куллӣ фарқият дорад, зеро он ба ин васила маҷмӯи хоси ҷузъи моддӣ ва маънавиро ташкил менамояд. Пажуҳишҳо собит намудаанд, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва лаёқати инсон, муносибати байниҳамдигарии бошандагони ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда ифода менамояд. Яъне ҳамчунин, қисми таркибии маданияти маънавӣ ҳисоб рафта, аз низоми донишҳо, муайянияти арзишӣ, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин дорои малака ва тавоноӣ мавриди амалисозӣ ва ҳимоя дар муносибатҳо роҳандозӣ мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи хуқуқии инсон зоҳир меёбад.

Пирова Дилрабо- ТҶҶ”Созандагони Ватан”