ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРОМИЗМ ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

А.Ҷомӣ: Вокуниш  

Бояд дар назар дошт, ки экстремизм ва ҷараёнҳои гуногуни он дар шакли амалкарди терроризм ва сепаратизм, ба монанди микроб ва вирусҳои сирояткунандаи бемориҳо дар тани ҷомеаи солим метавонанд реша давонда, паҳн гарданд. Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ пур аз фитнаву дасиса ва бозиҳои сиёсӣ гардида, ин раванд дар пайи худ кишварҳои орому осоишаро низ бетаъсир нахоҳад гузошт. Ҳамарӯза тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои тундраву зидди давлатӣ бархе аз ҷавонону сокинони гумроҳшударо бо ҳар роҳу восита бадоми худ шомил менамоянд. Ҷавонони гумроҳ бехабар аз ҳадафҳои нопокиин гурӯҳҳои ифротӣ, ҳаёти ширину умри қиммати хешро дар хатар мегузоранд. Воқеан ҳам на барои ҳама ин вазифаи пурсурур муяссар мегардад. Аммо бархе аз палидони ватанфурӯш ба он назари бадбинона доранд. Агар ҷавонони бо нангу номуси кишвар пеши роҳи ҳамин гуна ақидаҳои бади тафриқаандозонро тавассути ақидаи солими хеш пешгирӣ накунем, мебинем, ки ин гуна хоинон бо вокунишҳои муғризонаашон миёни мардуми тоҷик тафриқа меандозанд.
Террорист- субъект, терроризм – сиёсат ва террор –воситаи ба амалбарории ин сиёсат аз ҷониби субъект аст. Аммо бо вуҷуди ин наметавон ҳадафу мақсад ва воситаеро, ки терроризм онро дар фаъоляти худ истифода мекунад, мутлақо аз террор ва даҳшатфиканӣ иборат донист. Зеро тамоми навъи амалиёти мусаллаҳона ва барқасдона хоҳу нохоҳ ҷониби муқобилро гирифтори тарс ва даҳшат месозад. Бинобар ин, даҳшатафкани мақсади асосии терорризм набуда, ҳадафи муайян ва ё як навъ ниқоргирие фаъолияти онро ташкил медиҳад. Шояд «Ал-Қоида» бо ба амал баровардани ҳодисаи 11- сентябр касеро тарсонидан намехост. Зеро моҳияти тарсонидан касе ё чизеро аз раъяш гардонидан ва монеъ шуданро дорад. Аммо ин ҳодиса Амрикоро рӯҳшикаста нанамуд, баръакс, мубориза ва таъсиррасониашро ба муқобили терроризм тезонид ва шояд «Ал-Қоида» дар асоси ҳадафу ба дастории манфиате ин амалро содир накарда буд, ки гӯё фаъолияти ӯ баёнгари пуштибонӣ аз ислом бошад. Чунки баъди ин ҳодиса давлатҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил менамуданд, бахусус давлатҳои мусулмонӣ гирифтори амашиёти харобиовари зиддитеррористӣ ва сиёсати геополитикии давлатҳои қудратманд, аз ҷумла ИМА гардида, ҳолати ноороми низоми сиёсии дохилидавлатиро соҳиб гардиданд.
Террор ва терроризмро (ба он нигоҳ накарда, ки дар баъзе ҳолатҳо аломатҳои монандиеро ба худ мегиранд) метавон чунин шарҳ дод:
– террор ин таҳдид аз тарафи ҳокимият (ҳокимияти бо режими тотолитарии идоракунӣ асос ёфта) ё зулми қудратмандон нисбати нотавонон (беқудратон) аст;
– терроризм бошад, акси террор зӯроварии ҷониби нотавон нисбати ҷониби пурқувват мебошад. Бинобар ин, дар як маврид ин ду падидаро метавон муқобили ҳам номид.
Агар солҳои 90-уми асири ХХ ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз кам иттилоотии мардум истифода бурда бошанд имрӯз тавассути тарғиби идеологияҳои махсуси динӣ ва ваъдаҳои пулию молӣ ашхоси аз дину илм бехабарро ба доми худ мекашанд. Яке аз сабабҳои асосие, ки шахс ва ё ҷомеаву давлат ва миллатро ба вартаи нобудӣ рӯ ба рӯ месозад, ин камсаводиву тангравӣ ва пайравии кӯркӯрона ба ҳар гуна идеология ва таълимоти иртиҷоӣ мебошад. Хело ба маврид аст, ки суханҳои ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба ин масъала баён намоем, ки эшон зикр намуданд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополотикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, мо хуб дарк мекунем. ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро низ заиф гардонанд».
Густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгароён рӯз ба рӯз характери фаромиллӣ ва глобалӣ ба худ касб намуда, хатари бузурге ба амнияти давлату миллатҳо оварда истодааст. Ин равандҳои номатлуб боиси ҷангу ниёзҳои мазҳабӣ, шаҳрвандӣ ва байнидавлатӣ гардида, таҳлилҳои беамоне дар муқобили истиқлолияту ваҳдати миллатҳо менамояд. Чунин муносибат, бешак, таъсири манфии худро ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра расонда, боиси бехонаву дар, Ватан, Модар, оилаву фарзанд, коштани тухми кинаву адолат байни дину мазҳабҳо аз халқу давлатҳо шудааст. Воқеан, ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари он аст, ки терроризм ва экстремизм ҳеҷ иртиботе ба дину оинҳои исломӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ надоранд. Онҳо зери шиорҳои «Бозгашт ба салаф» байни мардум нофаҳмиву иғворо ба вуҷуд меоранд. Мутаасифона, афзоишёбии гурӯҳҳои ифротгаро ба амният ва фазои сулҳу суботи Ватани азизи мо низ беътасир намонда, бо ҳар роҳу восита фазои осоиштаи ҷомеаро халалдор месозанд.


Абдусамиров Хайридин - мудири шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.