САНГФАРШКУНӢ ДАР РОҲҲОИ МАҲАЛ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, корҳои зиёди созандагию ободониро, аз ҷумла сангфаршкуниро роҳандозӣ намуда истодаанд.
Дар доираи ин, як қатор Аксияҳои ҳизбӣ амалӣ гардида, роҳҳои дохили кӯчаҳои маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯстӣ аз ҳисоби шахсони саховатманд ва ватандӯст сангфарш ва мумфарш гардида истодаанд. Сахми раиси ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ”-и ноҳия Воҳидова Нарзигул дар муттахид намудани сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат  бузург буда, корхои ободонӣ дар махаллахо бо маром идома дорад.

.