ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- НИШОН АЗ САДОҚАТУ МАТОНАТ АСТ !

А.Ҷомӣ: Андеша  
Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Ба қавли шоир;
                   Умри неки ҷовидон аз ваҳдат аст,
                   Шодии пиру ҷавон аз ваҳдат аст.
Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Оре, сулҳу Ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу форам ба гӯши кас садо медиҳад. Вожаи Сулҳ –ин якдигарфаҳмӣ, толиби осоиштагӣ будани ин ё он халқиятро таҷҷасум месозад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинатӣ ва миллатдӯст буданро ифода мекунад. Ин ҷашн дар қалбҳои мардуми тамаддунофар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди воқеан, таърихӣ ва азизу гиромӣ чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”. Маҳз, ба шарофати ҳамин Ваҳдати миллӣ, сулҳу субботи сартосарӣ ва хиради азалии халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи душманони миллати тоҷик задем ва хатари аз байн рафтани ватани азизамон Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро тавонистем пешгирӣ намоем. Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Сардори давлати навини тоҷикон буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад.
Расидан ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат ва ҳифз намудани сулҳу амнияти кишвар барои ҳар яки мо вазифаи муқаддас буда, нагузорем то дигар бора ин неъмати бебаҳои моро хатаре таҳдид намояд.
 
       Самадзода Саёҳат - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ