“ ТОЗАГИИ МУҲИТ АЗ МО ВОБАСТАГӢ ДОРАД ”

А.Ҷомӣ:  
Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳар рӯзи панҷшанбе Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ дар сатҳи баланд баргузор менамоянд. Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ кормандони кумита ба тоза намудани гирду атрофи корхона, нарм намудани зери гулҳои ороишӣ ва тоза намудани алафҳои бегона баромаданд.