БЕАҲАМИЯТӢ БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ОҚИБАТИ НЕК НАДОРАД!

А.Ҷомӣ: Андеша  

Таълиму тарбия ва ба воя расондани насли ҷомеаи имрӯза масъулияти ҷиддиро аз оила, мактаб ва аҳли ҷомеа талаб менамояд. Зеро таълим ва тарбия насли наврас аввал аз домони модар, аз сари дастархони падар, аз аввалин сухану аз аввалин қадамзанӣ ибтидо гирифта, то охирин ҳастии падару модар фарзанд ба наслу роҳнамоии волидайн ниёз дорад. Таълиму тарбияи дуруст дар ҷодаи ватанпарастию меҳанпарастӣ метавонад дар пешгирии даст задани ҷавонону наврасон ба содир намудани ҷинояту қонуншиканӣ нақши муҳимро бозад.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон дар ҷои аввал гузошта, баҳри дуруст ва сари вақт ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ додани падару модарон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро пешниҳод намуданд. Ин қонуни ҳаётан муҳим баъди муҳокимаи тамоми ҷомеа қабул гардида, дар ҳол мавриди иҷрои аҳли ҷомеа гашта, баҳри пешгирӣ кардани амалҳои номатлуб аз тарафи ноболиғон ва беаҳмиятии волидайн ба таълиму тарбияи фарзандон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани падару модарон нисбат ба бемасъулиятии таълиму тарбияи фарзанд, гарчанде натиҷаҳои зиёди мусбӣ ба бор оварда бошад ҳам, мутаассифона, ҳоло низ зиёданд нафароне, ки умуман ба тарбияи фарзанд, илмомӯзии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Пеш аз ҳама таълиму тарбия аз муҳити хонаводагӣ вобастагӣ дорад, зеро муҳити хонавода дар кадом сатҳ худ тарбия доранд, зиндагии худро чигуна пеш мебаранд, эҳтироми якдигар ва калонсолон дар кадом сатҳ аст,якдигарфаҳмӣ муҳаббат ба ҳамдигар, ба атрофиён ва ба Ватан нақши муњимро бозида , насли наврас бар пояи он амал мекунад.Таълиму тарбия дар ҳаёти ҳар як инсон нақши муҳимро бозида, таълим ин раванди фаъолияти муштараки падару модар, омӯзгор ва муассисаҳои таълимӣ баҳри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак ба ҳисоб рафта, ва тарбия бошад, ин раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани фарзандон мебошад.
Сиёсати ҷавонпарварона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносиву ватанпарварии миллӣ барои мо, хусусан аҳли ҷомеа, омӯзгорон ва волидайн чароғи раҳнамо буда, ҷавонон ва хусусан насли наврасу фарзандонро барои расидан ба мақсади наҷиб ҳидоят менамояд.Мусаллам аст, ки рушду тараққиёти ҷаҳон ва пешрафти илму техналогия бевосита ба сатҳи тарбияи ҷавонон ва саводу маърифати онҳо сахт алоқамандӣ дошта, имрӯз нодуруст истифода бурдани телефони мобилӣ ва шабакањои иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавонон ба хусус наврасони ноогоҳ нақши муҳимро бози дорад. Бинобар ин, агар дар мавриди таълиму тарбияи насли наврас муносибати ҷиддиро ба роҳ намонем, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, истифодаи аз ҳад зиёди телефон, ва бепарвогиҳои масъулин ба хусус волидайн сабаби сар задании мусибатҳои зиёде мешавад. Барои ҳамроҳ нашудани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ғаразноку ифротгаро тамоми намояндагони мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқро лозим аст, ки пайваста вохӯриҳои судмандро ҳам бо падару модарон ва ҳам бо ҷавонон зиёд баргузор намоянд, зеро ки ташкил ва гузаронидани чунин суҳбатҳо, вохӯриҳо ҷалби волидайн ба мактабу маориф, ба таълиму тарбия дар беҳдошти маърифати сиёсии ҷавонон нақши боризе мегузоштанд. Тарбияи мақсадноку аҳамияти ҳамаҷониба ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон нақши муҳимро бозӣ намуда, ӯро ба меҳнату фаъолияти назарраси ҷамъиятӣ омода месозад. Пӯшида нест, ки ҳар миллате, ки тарбияи насли наврасро дуруст ба роҳ мондааст, ба дараҷаи баланди тараққиёт расидааст.


Қосимӣ Назокат - Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.