ЭҲТИРОМИ ЗАН-МОДАР ДОИМИСТ!

А.Ҷомӣ: Андеша  

Давлати фазанд Модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки ба аллаи Модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Анна ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Дасти дуои Модар калиди дари хушбахтии мост: Модар, чи калимаи муқаддас аст. Модар баҳори пур аз тароват, олиҳаи ҳусн, рушноии манзил, файзу баракати хонавода, фариштаи заминӣ ва билохир шамъест, ки барои рӯшан кардани роҳи зиндагии башарият месузаду дам ба дам об мешавад. Пайроҳаи зиндагии мову шумо аз сари гаҳвораю шири сафед ва аллаи модарон ибтидо мегирад. Сухани модар раҳнамои зиндагии мову шумост ва дуои модар кушоиши рӯзгори оламиён аст. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Меҳру муҳаббати Модар нисбат ба фарзанд бемисл аст.
Шири сафеди модар моро диҳад баробар,
Бар ватану бар модар хизмат кунам баробар.
Бояд гуфт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод намудани ҳунармандон натиҷаҳои сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд.Ҷуноне, ки Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромади хеш гуфта буданд, ки “Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик хамчун муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзиши инсонӣ, аз қабили муҳаббату саодат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ дар оила ташаккул меёбад”.Дар Паёми навбатӣ доир ба сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа боз диққати ҷиддии Президенти кишвар равона гардид. Имрӯзҳо дар соҳаҳои афзалиятноки раванди иҷтимоишавии ҷомеаи Тоҷикистон бо баробари ҳамаи ин дастовардҳои дар боло зикргардида нақш ва мақоми занон барои пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоии кишвар низ аз мадди назари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур набуда ҳанӯзам мавқеи занро мо дар оила медонем. Оре, ҳама олимону шоирон ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад.
Исоев Ҳасан-Сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ