ИСТИҚЛОЛИЯТ БЕҲТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ!

А.Ҷомӣ: Андеша  

Ҳар фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сутунҳои зарине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллатамонро боз ҳам таҳким бахшем. Истиқлолияту озодӣ падидаи муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он ба ҳар яки мо амнияти комилро ҳадя намуд. Санаи 9 – уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Маҳз Истиқлолият кишвари моро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард. Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба чор ҳадафи стратегӣ – раҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ҳоло тамоми мардум шукронаи Истиқлолияту Ваҳдат мекунанд ва дар ҳар гӯшаю канори қаламрави мамлакат бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ таъкид доштанд, ки “Маърифати ҳуқуқӣ” калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо, омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар Паём қатори дигар масъалаҳои марбут ба пешравии кору афзун намудани муваффақиятҳои ҳаррӯза ва рушду нумӯи он суханони пурмуҳтавои иҷрошаванда гуфта, дар назди мо ҷавонон вазифаҳои масъулиятнок гузошт. Пешвои миллат соҳаи КИ ҲХДТ-ро «Омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат» унвон кардаанд. Барои беҳтар шудани вазъи кишвар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои муҳим қабул карда шудаанд, ки рушди минбаъдаи ин соҳаро таъмин менамоянд..
Хулоса, муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик ин таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва тинҷию оромии мамлакат мебошад. Бо шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ комёб шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Барои ин ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлатамон расида, ҳифзи дастовардо ва арзишҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, баҳри ояндаи дурахшони давлатамон саъю кушиш намоем.
Мусоев Давлаталӣ - мудири Шуъбаи Ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ