ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ БА ҲАР ЯК ХОНАДОН ТАҲДИД МЕКУНАД.

А.Ҷомӣ: Вокуниш  

 Яке аз проблемаҳои асосии ҷаҳони имрӯза тероризму эктсремизм буда, гуруҳҳои террористӣ бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дунявии худ ҷавононро ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Гарчанде, ки гуруҳҳои террористӣ он қадар бузург ҳам набошанд, вале бо ҳар роҳу восита махсусан зери пуштибонии пинҳонии баъзе кишварҳои манфиатхоҳ зарару зиёни худро ба дигар кишварҳо мерасонанд.Чи тавре ки ба ҳамогон маълум аст, экстремизм яъне ифротгароӣ ва терроризм яъне даҳшатафканӣ падидаҳое мебошанд, ки дар тули таърихи башарият кулли мардуми сайёра зиди ин падидаҳои номутлуб мубориза мебаранд. Таърихи ин ду падида хелло тулонӣ аст. Ҳатто дар замонҳои қадим гуруҳҳое вуҷуд доштанд, ки болои гурӯҳҳо ва дигар қабилаҳо ба воситаи ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро амалӣ месохтанИмрӯз ҷомеаи ҷаҳониро хатари терроризм ва экстремизм ба такон овардааст. Чун ин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вобаста ба маблағгузории ташкилотҳои ғайридавлатии хориҷӣ бо истифода аз хоинони миллат ва душманон, инчунин бо сабаби дар сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврасу ҷавонон истифода мебаранд

Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлолияти давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд.Аз ин рӯ кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.

  Хулоса, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, ҷавонон ва мардуми кишварро ба ободу пешрафт гардонидани Ватани азизамон ҳидоят намоем, пеши роҳи ҳамагуна бегонапарастӣ ва хиёнаткориро гирифта манфиатҳои миллӣ ва давлатиро аз манфиати шахсӣ боло гузошта ҳушёру зирак ва ватандӯст бошем.

Пирова дилрабо-ТҶҶ “Созандагони Ватан”.