БА МИЛЛАТ МУҲРИ БАДНОМӢ НАЗАНЕД!

А.Ҷомӣ: Вокуниш  

Имрӯз тамоми дунё ҷониби тоҷик ба даҳшат менигарад, ба хотири якчанд харидашуда, номусбохта, беандеша, асолатбохта ва беватану бе дин. Ҳарчанд роҳбари давлат бобати баланд бардоштани мақому мартабаи тоҷик дар тамоми дунё талош дорад, аммо хоинони ин миллат ба хотири нобуд сохтани давлату миллати тоҷик доимо пайи бадном сохтани номи миллату давлат мебошанд.
Тамоми дунё аз бозиҳои ҳароми сиёсат огаҳ аст. Ҳама медонад, ки ягон давлат бе душман нест ва дар пайи вайронии кадом давлат кӣ меистад, хуб медонанд. Боз медонанд, ки террорист давлат, миллат ва дин надорад, аммо имрӯз ба хотири якчанд нафар, ки албатта зархиридони душманони милатамон мебошанд, тамоми фарзандони тоҷик бадному сияҳном гашта, дар ҳамма ҷо мавриди хушунату зуроварӣ қарор доранд. Бархе аз давлатҳои бо ном ба мо дӯст, аллакай занҷираи дарҳои худро баста, бо истифода аз ин мусибати тоҷик ба манфиати худ кор кардан мехоҳанд. Дар ҳоле, ки ин миллат дар ҳама мусибати давлатҳо кӯшиш мекард, ки дасти кӯмаки худро расонида бошад.
Дар ҳақиқат дуруст қайд намуданд, роҳбари давлатамон, ки мо ба умеди ягон давлат нашавем. Имрӯз бубинед, ки ба ивази меҳнати содиқонаи фарзандонамон ба ҷурми гуноҳи як-ду хоин ҳазорҳо фарзандони моро чӣ мусибату чӣ гуна азобу шиканҷа намуда истодаанд. Мо бояд дар пайи ободи кишвару худу сарзамини худ бошем. Шароити кориро дар кишвар барои худамон муҳайё кунем. Бояд ҳар шаҳрванди ба номуси кишварамон дар пайравӣ аз амалҳо ва ҳадафҳои миллатсозии Пешвои миллатамон баҳри тарбияи хештаншиносии фарзандон ва мардумамон талош варзем.
Хоинони миллати мо азизтарин ҳастии мо, ки фарзандонамон мебошанд, мавриди ҳадаф қарор дода, ба ҳайати гурӯҳҳои террористиву эксремистӣ онҳоро ҷалб месозанд. Душманони миллати мо танҳо як мақсад доранд, боз номи тоҷикро бадном сохтаву ҷомеаи ороми моро ноором созанд.
Механизми сӯистифодаи дин аз тарафи экстремистону террористон ба ҷаҳониён маълум аст, пас моро зарур аст, ки пайгирӣ ҳуруфотпарасти набошем. Дар дин зиёдаравӣ накунем. Фарзандонамонро дар самти диншиносӣ он динеро, ки дар ҳақиқат дур аз ҷаҳолату ваҳшоният аст ва умуман қатлу куштори инсониятро қабул надорад, фаҳмонем. Имрӯз ба хотири ҳар амалу кирдорҳои ваҳшиёна, ки зери шиори диние, ки террористон амалӣ мекунанд, ин ҷабр боз сари мардуми мусалмон аст.
ҷавонони азиз!
Бозичаи дасти нохалафон ва худобехабарон, ки аз номи ислом ҳарф мезананд нашавед! Миллатро давлатро фарзандони бегуноҳи миллати азияткашидаи тоҷикро бадном насозед. Номи худрову фарзандону пайвандонатонро ХОИН насозед. Ба илмомӯзиву ҳунаромӯзӣ кушиш кунед. Орзуҳову умедҳои пайвандони худро, ки ба уммеди зиёд фарзанд ба дунё овардаанд, ба хотири душманони ҷони худ барбод насозед.
Мақсади душманону мо бо истифода аз дини ислом гумроҳу фирефта сохтани фарзандонамон ва бахусус ҷавонони ноогоҳамон мебошад. Мо дар асре зиндагӣ дорем, ки набояд соддалавҳ ва зудбовар бошем. Камтарин беаҳмиятӣ метавонад моро ба доми бало кашад. Сабукфикр набошем, доимо дар пайи андешаи ояндаи худу фарзандонамон бошем. Заҷри талхи оқибати мусибатовари шомилшавии ҷавононро ба чунин гуруҳҳоро алакай чашидаистодаем. Нагузорем, ки фарзандонамон чунин зудбовар бошанд. Баумеди дарёфти маблағ фарзандонро, танҳо барои мардикорӣ раҳнамои насозем. Омӯзгори ҳаёти фарзандамон худамон бошем. Бештар онҳоро ба деҳқонӣ, ҳунару ҳунармандӣ, ихтирокорӣ, соҳибкорӣ ва дӯст доштани Ватану обод намудани хонаву диёри худ ҷалб созем.


Қосимӣ Назокат -Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ