ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОН АСТ!

А.Ҷомӣ: Андеша  
 Боиси ифтихор аст, ки рӯз аз рӯз шумораи ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонони бо нангу номуси кишвар афзуда, шароити қисмҳои низомӣ низ беҳтару хубтар гардаистодааст. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик ҳаргиз тарсу ва хоину миллатфурӯш набуда, аз азал бо қаҳрамонии фарзандонаш номдору машҳур буд. Ин миллатро фарзандони шуҷоъу далер ва каҳрамону номдори зиёдаш, ки дар ҳама давр барои ҳимояи ватани аҷдодии худ омода буданд ва дар ин роҳ ҷони худро дареғ надоштаанд, зиёд мебошад. Ҳазорҳо фарзандони бо нангу номуси ин кишвар барои ҳимояи Модар-Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар хоки Афғонистон қурбон гашта, номҳои ҳар яки онҳо дар таърих бо хатти зарин навишта шудааст.
Фарзанд бояд мактаби ватанпарвариро сароғоз аз хона аз волидайн омӯхта, ҳимояи ватанро ҳамчун ҳимояи модару хоҳар қарзи имониву виҷдонии худ донанд. Матраҳ намудани ин мавзӯъ сари ҳар як қадам ва баланд бардоштани ҳуввияти ватанпарастии фарзандону ҷавонон қарзи ҳар яки мо буда, бояд сараввал дар оила мавзӯи Ватану ватандорӣ ва хизмат ба Ватан дар мадди аввал қарор гирад. Аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар бо мақсади тарбияи ватандӯстиву худшинсии миллии ҷавонону наврасон ва ҷалби онҳо ба хизмати Модар Ватан чорабиниҳои зарурӣ мунтазам амалӣ мегардад. Имрӯзҳо ҷавонони зиёде барои адои қарзи фарзандии худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сафар гардида бошанд ҳам, бояд боқимонда ҷавонони бо нангу номуси мо ба хизмат ҷалб карда шаванд.
Эътимоду боварии роҳбари давлат ба ҷавонони бо нангу номуси кишвар зиёд буда, бо мақсади зиндагии шоистаи ҳар як ҷавон дар кишвар мунтазам чораҳои зауррӣ андешида мешавад. Ҷавонони моро лозим аст, ки ақли солими худро ба кор бурда, илмомухтану хизмати модар-ватанро ба ҷо биёранд. Эътимоди боварии Пешвои миллатро аз даст надода, ҳимояи ҳар зарра хоки Ватанро қарзии эмонию виҷдонии худ донанд. Ҷавонон ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошанд.Барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон пеш аз ҳама, намунаи ибрат бошанд. Зеро ҷавонон ояндаи давлат ва давомдиҳандаи миллат мебошанд.
Тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ вазифаи ҷонии ҳар як падару модар ва фарди солимфикри ҷомеа мебошад. Ҳаргиз фаромӯш насозем, ки ин Ватан ба ғамхорӣ ва ҳимояи фарзандони баномусаш ниёз дорад. Он нафаре, ки дар ин шабу рӯз аз хизмати Ватан мегурезад, хоине беш нест! У хоини миллат, хоини давлат ва хоини дини худ мебошад. Бузургони дини ислом, низ дар ин бобат зиёд гуфтаанд ва ҳимояи Ватанро барои ҳар як ҷавони мусалмон қарз ҳисобидаанд.
 
Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Самадзода С. Р