ТЕРРОРИЗМРО НОБУД СОЗЕМ!

А.Ҷомӣ: Вокуниш  

Кишвари Офтобрӯяи мо-Тоҷикистони азиз сиву ду сол боз дар зери осмони соф ва бе садои тиру туфанг рушд меёбад. Мардумаш аз пайи обод кардану созандагист. Ҳамин аст,ки то сол сол кишвар ободу зебо , сатҳи зиндагии мардум хуб мегардад. Ба ҳар як шаҳрванд аён аст, ки чӣ қадар иншооти бузургу пуриқтидор, роҳҳои васею мумфарш аҳамияти ҷумҳурияви ва байналхалқи дошта ба истифода дода шуданд . Инҳо нахуст меваҳои даврони истиқлолиятанд . агар пешравӣ ҳамин хел идома ёбад ,яқин аст,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои абарқудрат худро меёбад. Мутаассифона, гул бе хор намешавад. Ҳар ҷо,ки ободист, ҳар ҷо,ки мардумони шарифу ватандӯст ҳастанд, ашхоси бадтинату бадахлоқ низ дида мешаванд Беҳуда Хоҷа Ҳофиз нагуфта буд: Бас гул шукуфта мешавад ин боғро , вале Кас бе балои хор начидааст аз ӯ гуле. Мо ҳамаро ба худ ҳабиб-дӯст мепиндорем,вале бе хабар аз он.ки душман дар либоси дӯстӣ кори худро мекунад. Душмани дар ниқоби дӯстбударо шиносем,то ки ба доми ӯ наафтем. Қувваҳои аҳриманӣ бо амалҳои зишту нохуби худ имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд. Онҳо чун иблис ободиву озодӣ, пешрапви ва сулҳу суботро дидан намехоҳанд. Бинобар ин ,бо ҳар роҳ –бо зӯроварӣ, бо сухан, агар лозим шавад, бо сарват сафи худро зиёду пурзур мекунанд. Саволе ба миён меояд,ки киҳо ба суханони онҳо гӯш мекунанд ва пайрави онҳо мегарданд? Ҷавоб ин аст, ки шахсони бесавод, камшуур, шахсони ба қадри сулҳу субот, озодӣ ва ватани азиз намерасидагӣ. Бинобар ин ба падару модарон муроҷиат мекунем, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ доимо бохабар бошанд, ҳар қадами мондаи онҳоро назорат созанд ва нагузоранд, ки пайвандони онҳо бо ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хавфнок шомил нашаванд. Баъдан, ба кулли мардуми ноҳия муроҷиат мекунем, ки дар таълиму тарбияи фарзандони мардум саҳлонгорӣ намоянд. Рафти таълиму тарбияро дӯруст ба роҳ монанд. Хусусан, дар тарбияи фарзандон амалҳои ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои ифротгароиро маҳкум кунанд. Мо намехоҳем, ки боз ҳамон тохтутозҳои бемаънӣ, куштору сухтор, ҳамдигарбадбиниҳо ва иҷборан муҳоҷиршавии солҳои 90 – уми қарни гузашта рух диҳанд. Минбаъд барои мо осмони соф, иттиҳод, меҳнати озод, Сулҳу Ваҳдат чун обу ҳаво заруранд ва бояд мо ин сарватҳои бебаҳоро бо нархи ҷон муҳофизат намоем. Мусоев Давлаталӣ – Мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.