ПЕШГИРИИ ЗИЁДАРАВӢ БА ХОТИРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

А.Ҷомӣ: Андеша  
Моҳи мубораки Рамазон моҳи сабру таҳаммулгароист, моҳи хайру садақа ва моҳест, ки моро водор месозад муввофиқ ба талаботҳои ин моҳ беҳтарин кирдор ва бехтарин рафтор дошта бошем. Зиёдаравиро танҳо вобаста ба имконият дар расонидани кӯмак ба ниёзмандону маъюбону ятимон ва шахсони яккаву танҳо зиёд намоем.
Мутаассифона, бо омадани ин моҳи муборак қисми зиёди соҳибкорони мо ба ҷое оне, ки эҳсонкориву хайру садақотро зиёд намоянд, бо истифода аз ин моҳ нархи молу маҳсулоту худро бениҳоят баланд намуда, мардум низ ба баландии нарху наво аҳмият надода харидорӣ менамоянд. Оростани дастдархони идонаи мардуми мо имрӯз ба як озмуни «дастархони беҳтарин» табдил ёфта, зиёдаравӣ то он дараҷае сурат мегирад, ки ҳатто аз бонк қарз гирифта ба хотири худнамоӣ дастархони идонаи худро оро медиҳанд.
Бо огоҳӣ аз шароити зиндагии мардум беҳуда Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ғамхори миллат қонуни миллии мо «Дар бораи танзми анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод накардаанд. Маҳз бо қабул гардидани ин қонун, ки ба хотири таъмини зиндагии осудаи мардум пешбинӣ гардид, тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, роҳи ягонаи ҳарчӣ зудтар гирифтани исрофкорию зиёдаравиро дар қабули ин Қонун ва риояи пурраи он диданд. Имрӯз мо боз бо кирдору рафторҳои худ, бо худнамоиҳои худ водор месозем, ки боз роҳбарияти давлат пайи андешаи қонуну қоидаҳои нав гардад.
Дар мулоқоти навбатии Пешвои миллат, ки санаи 9-марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, кушоду равшан он анъанаҳоеро, ки имрӯз мардуми мо думболагирӣ доранд масъалагузорӣ намуда, қайд намуданд, ки ин кирдорҳо умуман ба ислом рабте надошта, балки таасубкорӣ ва зиёдаравӣ мебошад. Таъкид намуданд, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.
Бо ба вуҷуд омадани шароити имрӯза дар муҳоҷират ва вазъи зиндагии мардуми кишварамон аз тамоми сокинони ватани азизамон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин моҳи муборак, ки дар арафаи ҷашни Иди саиди Рамазон қарор дорем зиёдаравӣ ва худнамоиро аз худ дур созанд. Дастархони идонае, ки дар он зиёда аз ду то панҷ ҳазор сомонӣ сарф мекунем, забҳи чорво, хонагаштакҳо, куча ба куча гаштани кудаконро бо борхалтаҳо пешгирӣ намуда, танҳо ба хонадони наздикону пайвандон, мусибатдоштагон ва аёдати беморону муҳтоҷон равем. Дар ин моҳ ба ҷои сарфу харҷи зиёдатӣ амалҳои хайру эҳсонкориро зиёда намоем. Ба ҷои дуву се бор сафари ҳаҷ намудан, дили озурдаеро шод намоем, дасти фидоеро бигирем, хонаи камбизоатеро обод намоем, роҳеро таъмир созем, ба хотири ояндаи худу фарзандон муассисаи таълимиеро муввофиқ ба талаботи замон намоем.
Бояд қайд намуд, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз ин мулоқот ин роҳнамоӣ намудани мардуми кишвар ба роҳи дуруст ва зиндагии пурсаодат мебошад.
 
Қосимӣ Назокат- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ