ХИЗМАТИ МОДАР-ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, алалхусус раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қосимӣ Назокат Шерали дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ сафӣ ҷавонони ихтиёрӣ афзудааст.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ҳама сола саҳми хешро дар даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гузошта истодааст, ин навбат ба 2- нафар ҷавононе, ки бо роҳнамои Кумита ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гардиданд, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ Шаҳодатномаҳои “Сарбози Ихтиёрӣ” тақдим карда шуд.