ТОЗА КАРДАНИ ЗАҲБУРУ ЗАҲКАШ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Кишоварзони ташкилоти ибтидоии “Баҳористон”, ки дар таъмини бозори истеъмолии ноҳия ва вилоят бо маҳсулоти кишоварзи нақши муҳим доранд. Дар баробари риояи қоидаҳои агротехникии кишту зироатҳо, инчунин ба беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои корам таваҷҷуҳӣ хоса зоҳир менамоянд.
Тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва ба гардиши кишоварзи даровардани қитъаҳои бекор хобида аз масоили ҳалталаб дар ташкилоти ибтидории “Баҳористон”-и Ҷамоати деҳоти Қ.Ғиёсов маҳсуб меёбад, ки имсол ҷиҳати бартараф намудани он бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва саҳми мардуми маҳал иқдомҳои ҷиддӣ пеш гирифта шудааст.
Заҳбуру заҳкашҳое, ки чанд соли охир тоза нагардидабуданд бо истифода аз техникаҳои муосири соҳа канда шудаанд.
Ба андешаи мутахассисони соҳа дар сурати риояи қоидаҳои агротехникӣ ва барқарор намудани ҳолатҳои мелиоративии заминҳои корам, имкон фароҳам мегардад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишт намуда дучанд афзуда таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бештар гузошт.
Айни замон ҷиҳати тоза намудани заҳбур ва ба ҳолати обёрӣ омода намудани заминҳои корам техника дар ҳолати омодабош қарор дошта заҳбуру заҳкашҳоро тоза намудаанд.