БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки кормандони МТМУ №62 дар назди бинои муассисаи мазкур аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур кормандон, волонтиёрон, аъзоёни ҲХДТ ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан ” фаъолона ширкат варзида дар рубучини роҳравҳо, нарм намудани зери дархотон ва тоза кардани алафҳои бегона машғул гашта, ба корҳои тозакунию тамизкори саҳми худро гузоштанд.

Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронида мешавад.