БА РОҲ МОНДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

А.Ҷомӣ:  

Дар асоси ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист ва сабзу хуррамгардонии гирду атроф, бо ташаббуси аъзоёни Ҷамоати деҳоти «Калинин» дар деҳаҳои ҳудуди Ҷамоат шанбегӣ баргузор гардид.
Ҳашарчиён  муҳити атрофро аз партовҳо, хасу хошок тозаву озода намуда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ саҳми худро гузоштанд.
Бояд қайд намуд,
ки чунин иқдомҳои тозагӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонии ноҳия ва сазовор таҷлил намудани Ҷашнҳои муҳими давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб,корхонаҳо,муассиса, кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони ноҳия мунтазам доир карда мешавад.