ҲИФЗИ ВАТАН МУҚАДДАС АСТ!

А.Ҷомӣ: Андеша  
Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавони ба ору номус, меҳанпарасту ватандӯст буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар шахсро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳимояи марзу буми Ватан, муҳайё сохтани фазои орому осуда барои модар, аҳли хонавода ва умуман барои сокинони кишвар боиси ифтихору сарбаландии ҳар як ҷавон аст.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯстдоштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватан азизро ёд мегиранд.
Бояд гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми тоҷик худ ба худ ва ба осони муяссар нашудааст ва барои ба даст овардани он заҳматҳои зиёд кашида шудаасту чандин нафарони Ватандӯст ҷони худро дар ба даст овардани ин неъмати бебаҳо аз даст додаанд. Бинобар ин ҳамаи ҷавонони бонангу номусро зарур аст, ки Ватани азизу маҳбубро пос доранд ва ҳифз намоянд, дар пешрафти давлату миллат саҳми худро гузоранд ва Ватани азизи хешро аз ҳама гуна таҳдидҳо ҳимоя кунанд. Чӣ хеле, ки мегӯянд: Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан воҷибтар.
 
Абдусамиров Хайриддин - мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ