МУЛОҚОТ БО ОМӮЗГОРОНИ МТМУ №5-И НОҲИЯ

А.Ҷомӣ:  
Тибқи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо сокинони кӯчаю маҳаллаҳо оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Самадзода Саёҳат –муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо омӯзгорон ва кормандони МТМУ №5-и ноҳия вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон истода гузашта, дар ин замина фаъол гардидани гурӯҳҳои ифротгароро махсус таъкид кард. Зикр намуд, ки гуруҳҳои алоҳидаи ифротӣ, аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва дигар ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таъсис ёфтаанд, аз фурсат истифода карда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷалб кардани ҷавонон ва вайрон кардани муҳити иттилоотии кишвар пардохтаанд.
Дар ин раванд аз ҳозирин, омӯзгорон даъват ба амал овард, ки дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавонон, тақвияти корҳои тарғиботӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва тавассути вокунишҳо маҳкум намудани маводҳои буҳтонангези шабакаҳои иҷтимоӣ бетараф набуда, балки фаъол бошанд.