ТАҲДИДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶАВОНОН

А.Ҷомӣ: Вокуниш  
Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шањрвандон ба гурӯњҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористи аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Воқеан дар ҷаҳони имрӯза, ки бо гуногунии мафкуравӣ ва омезиши фарҳангиву ҷаҳонишавӣ майл дорад, ки таҳаммулпазирӣ калиди суботи ҷомеа ва омили асосии пешгирии бархӯрдҳои манфии иҷтимоӣ, ба мисли терроризму экстремизм аст. Таҳаммулпазирии иҷтимоӣ, ки ҳамчун муносибати бидуни зӯроварӣ ва эҳтиромонаи байни гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа арзёбӣ мегардад. Дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ бо таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва ба ин васила шомил сохтану сӯйистифода намудан аз қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шуданд, мо ҷавононро зарур аст худшиносӣ, ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро аз даст надиҳем. Аз ин нуктаи назар бармеояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳеҷ ваҷҳ ба Ватан – Модар хиёнат накунем, балки онро азизу муқаддас ва марзу бумашро аз нотавонбибону хоинон ҳифз намоем. Бо мақсади таъмини суботу оромӣ, мустаҳкам кардани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, роҳ надодан ба хурофотпарастиву зиёдаравӣ ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ бирасем ва нагузорем, ки ҳеҷ як нотавонбин амнияти комили моро халалдор созад.
Мусоев Давлаталӣ –Мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ