ПАЁМ - ИЛҲОМБАХШИ КИШОВАРЗОН

А.Ҷомӣ:  
«Барои заҳмати софдилона, ки аз нишондиҳандаҳои зикршуда ва фаровонии бозори истеъмолӣ ба хубӣ маълум аст, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат миннатдории самимии худро баён менамоям».
Эмомалӣ Раҳмон. Паём-2023
Пешрафти соҳаи кишоварзӣ аз рушди пойгоҳи техникӣ ва инфрасохтори кишоварзӣ вобастагии калон дошта, омадигиҳои ҳамаҷониба ба фасли баҳор аз ҷониби дењқонон аз омода намудани таҷҳизоту техникаҳои кишоварзӣ оғоз мегардад. Имрӯз кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ дар самти кишоварзӣ техникаҳои кишоварзии худро аз қабили тракторҳои шудгоркунанда, комбайнҳои ғалладараву алафғундоранда, испорҳои тракторӣ, нармкунакҳо, тухмипошакҳоро омода намуда, ба оғози кишту кор тайёрӣ дида истодаанд.
Бо мақсади аз наздик дидан намудан аз омодагиҳои кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, санаи 19.02.2024 сол раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварданд. Зимни сафарашон раиси вилояти Хатлон бо кишоварзон ва хоҷагидорон суҳбат намуда, оид ба бандубасти тухмипошакҳо, ҷобаҷогузории дурусти қисмҳо ва сихмолаву алафдаравҳо ба ҳозирин маслиҳатҳои муфид доданд.
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тозае бардошт намуда, ният доранд, ки бо омодагиҳои ҳамаҷониба ва бо мақсади ба даст овардани ҳосили дилхоҳу фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми назарраси худро гузоранд.