ХИЗМАТ ШАРАФ АСТ!

А.Ҷомӣ: Андеша  
Ҳама тан ба тан ҷон ба куштан диҳем,
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.
Ин нангу номуси ватандӯстиву ватанпарастии халқи тоҷик аз аҳди қадим оғоз гардида, то ба имрӯз идома ёфта истодааст, ки мисоли он ба сафи хизмати ҳарбӣ даъват шудани ҷавонони ватандӯст мебошад.
Ҳимояи Ватан ва хоки муқаддаси он қарзи ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб рафта, хусусан ҷавонон, бояд дарси мардонагӣ ва шуҷоату делериро дар ин макон аз худ карда бошанд. Имрӯзҳо ҳазорҳо нафар фарзандони шуҷоу далери Ватан дар ҳама қисмҳои низомии кишвар сарбаландона хизмати Ватан – Модарро намуда истодаанд, ки боиси ифтихори ҳаммаи мо мебошад. Зерро бо шарофати бедорхобиҳо ва хушёриву зиракии ин ҷавонмардон амнияту осудагии мардуми мо таъмин гардида, ҳамзамон ҷавонон обутоб ёфта қарзи фарзандии худро адо менамоянд. Сол то сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зиёд гардида истодааст. Солҳои пеш дар ҷомеа бисёр буданд ҷавононе, ки аз хизмат саркашӣ мекарданд, ин гувоҳ аз он буд, ки тарбия танҳо бар души модар вогузор гардида буду падарон пай дарёфти рисқ берун аз хона буданд, маҳз ҳамин сабаб гардид, ки фарзандон бе назорат монда тарсу тарбия ёфта бо шунидани номи “Хизмат” ба ларза меафтоданд. Онҳо фаромуш карда буданд, ки ин фазои орому осуда бо шарофати мисли анаҳамин ҷавонон, фарзандони ба ору номуси миллат, ки шабу рӯз марзҳоямонро посбонӣ намуда, сайу талош доранд, ки то нохалафе пойи номубораки хешро ҷониби Ватан нагузорад. Вақте барои ҳимояи Ватан, қадам мезани ҳисёти бузурге, одамро фаро мегирад. Зеро ҳимояи марзу буми Ватан ва ободу пешрафт гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарди баномус аст. Агар дӯстдоштани Ватанро, ба эмону виҷдон тавъам дониста бошанд, пас ҳимояи он асоси мусалмонист. Нафаре, ки дар хизмат обу тоб намегирад, ҳунари камонварӣ ва ҳимояи худро надорад, уро чигуна мард бояд номид?
Ҳар як волидайн вазифадор аст, ки вақте фарзандро ба дунё овард ба у тарбияи хуб ва шароити хуб муҳайё намуда, фарзандро соҳибилм, соҳибкасб, шахси бофарҳанг дорои руҳияи баланди хештаншиносӣ тарбия намуда, то ӯ дар оянда ба ватани худ диёри худ хизмати содиқона намуда, ифтихори падару модар бошад. Ман ҳамчун афсари эҳтиётӣ аз ҳаммаи ҷавононе, ки синнашон ба хизмати ҳарбӣ расидааст, даъват ба амал меорам, ки нотарсида барои ҳимояи хоки диёру худ ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи фарзандии худро адо намоянд.
Мерганов Меҳроҷиддин - мудири шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ