АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ ТОҶИКИСТОН ДИЁРИ ЗЕБОМАНЗАР”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 03 феврали 2024 сол дар ташкилоти ибтидоии “Иттифоқ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби зиёди аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, волонтёрони ҳизбӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоӣ, бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, Аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон диёри зебоманзар”, дар ташкилоти ибтидоии “Н.Махсум”-и ҷамоати деҳоти “Иттифоқ”-и ноҳия баргузор гардида, беш аз 70 ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд.
Бояд гуфт, ки чунин иқдом бо иштироки ҳамаи аъзову ҷонибдорони ҳизб дар тамоми гулгашту хиёбонҳо ва роҳравҳои ҳудуди қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифтаву ин иқдом идома хохад ёфт.
Мусаллам аст, ки ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур ободу зебо гардонидани кишвари азизамон Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ободии диёр дар доираи истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгулшукуфии Ватани азизамон мебошад.