АКСИЯИ ҲИЗБИИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ ТОҶИКИСТОН ДИЁРИ ЗЕБОМАНЗАР”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони масъули  ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби зиёди аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, волонтёрони ҳизбӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҲХДТ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, Аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон диёри зебоманзар”, дар  МТМУ №28-и ноҳия баргузор гардида, беш аз 200 ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд.

Бояд гуфт, ки чунин иқдом бо иштироки ҳамаи аъзову ҷонибдорони ҳизб дар тамоми гулгашту хиёбонҳо ва роҳравҳои ҳудуди қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифтаву ин иқдом идома хохад ёфт.

Мусаллам аст,ки ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур ободу зебо гардонидани кишвари азизамон Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ободии диёр дар доираи истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгулшукуфии Ватани азизамон мебошад.