ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲО

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

       Санаи 25 ноябри соли равон дар МТМУ№4-и ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи А.Ҷомӣ  дар асоси Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид. Дар ин замина баромадкунандагон бо баромадҳои мукаммал ва дақиқ вобаста ба “Таъсисёбии ва дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ”, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баромадҳо ва суҳбатҳои судманд баргузор намуданд.

      Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки ҲХДТ бо ташаббусҳои бузурги созандаи сиёсӣ ва бо эҳсоси баланди масъулият як силсила барномаҳои нав, ғояҳои тоза ва стратегияҳои судмандро пешниҳод кард, инчунин дар коркарди самтҳои муҳимтарин ва муносибатҳои ҳасанаи сиёсӣ фаъолона иштирок намуд, муҳимтар аз ҳама, ба пешрафти як қатор ҷанбаъҳои калидии кор такони нав бахшид. Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.  Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.