БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ № 1.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
       Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 25 ноябри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳия «Соати сиёсӣ» баргузор гардид. Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” ба сифати маърӯзачӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Баротова Зинат ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, миёни хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзӯъҳои вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон, масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, шомилшави ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ва истифодаи телефони мобилӣ гузаронида шуд. Нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.